БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ИНФОРМАТИКА ВА РАДИОЭЛЕКТРОНИКАИ БЕЛОРУССИЯ

05-10-2023
5 октябри соли 2023 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Минск дар ҳошияи Форуми дуюми ректорони Белоруссияву Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия дидан карда, бо ректори донишгоҳи мазкур Богуш Вадим Анатолевич мулоқот намуд. Дар доираи боздид вазири маориф ва илм аз дастовардҳои донишгоҳи мазкур, махсусан, дар самти технологияи муосир дидан карда, бо фаъолияти омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуд.
Зимни муаррифии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорусия ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия Вадим Анатолевич иброз дошт, ки ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самти илмҳои техникии Белоруссия бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта, ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз рушд карда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода,  сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Фаррух  Худойдодзода ва сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Наврӯз Мирзозода ҳамроҳӣ менамоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон