БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ

25-03-2022
25-уми марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Р.Саидзода бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз рафти омодасозии мутахассисони баландихтисос аз рӯйи равияҳои технологӣ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуд.
Омода намудани мутахассисони баландихтисоси касбии равияҳои техникию технологӣ, дақиқ ва риёзӣ, хусусан омодасозии омӯзогорони технологияи иттилоотӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мегардад.
Зимни ташрифи вазир иттилоъ дода шуд, ки дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 1183 нафар аз рӯйи 7 ихтисос таҳсил менамоянд ва хатми чашмдошт дар соли 2022 230 нафарро ташкил медиҳад. 
Вазири маориф ва илм дар муассиса бо заминаи модию техникӣ, таъминоти кадрӣ, мавҷудияти маводи таълимию методӣ ва адабиёти таълимӣ дар ихтисосҳои мазкур таваҷҷуҳ намуда, бо омӯзгорон ва кормандон суҳбати самимӣ анҷом дод.
Ҳамзамон, дар алоҳидагӣ бо донишҷӯён суҳбат анҷом дода, аз проблемаву мушкилоти донишҷӯён, инчунин, мушкилоти ҷойдошта дар раванди таълим воқиф гардид. 
Зимни суҳбат бо ҳайати профессору омӯзгорони донишгоҳ вазири маориф ва илм ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта дар муассиса чораҳои дахлдор андешида шавад. 
-Аз ҳама вазифаи аввалиндараҷаи масъулини донишгоҳ ин аст, ки ҳамкориро бо раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ҷоннок намуда, ҷиҳати аз ҳисоби хатмкунандагони равияю ихтисосҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.- Инчунин, дар такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳайати омӯзгорони муассисаро зарур аст, ки аз машғулиятҳои лексионии дилгиркунанда даст кашида, дарсҳоро бо истифода аз технологияи муосир, хусусан тахтаҳои электронӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва машғулиятҳои интерактивӣ ба роҳ монанд.
Дар идомаи суҳбат вазир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, татбиқи эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки хатмкунандагони муассисаи мазкур бояд дар баробари забони давлатӣ донанди хуби забонҳои русию англисӣ бошанд ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавнанд дигар фанҳоро бо забонҳои русию англисӣ таълим диҳанд.
Зикр гардид, ки масъулини раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазоратро зарур аст, ки иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои ироашударо зери назорат қарор дода, баъд аз як моҳ рафти иҷрои онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Ёдовар мешавем, ки боздиди вазири маориф ва илм аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сурат гирифт.