БОЗДИДИ Ш. ХАЙРЗОДА АЗ КВД “КОМБИНАТИ ПОЛИГРАФИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ВА НАШРИЯҲОИ СОҲАВИИ ВАЗОРАТ

28-03-2022
28-уми марти соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода аз КВД “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе” дидан намуд.
Мақсад аз боздид ин шиносоӣ бо заминаи моддиву техникии корхонаҳои полигарафии шаҳри Душанбе буд, ки ба чопи китобҳои дарсӣ сару кор доштанд. 
Ш. Хайрзода-муовини вазир ба масъулини корхона дастур дод, ки  ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои кормандон, нашри саривақтӣ ва босифатии маҷаллаву китобҳои дарсӣ ва дуруст ба роҳ мондани техникаҳои чопӣ корро ҷоннок намояд.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол КВД “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе” чопи “Журнали синф” ва китоби фанни “Биология” барои синфи 6-ро ба роҳ монда истодааст.
Ҳамзамон, муовини вазири маориф ва илм аз нашрияву маҷаллаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - нашрияи “Омӯзгор”, нашрия барои кӯдакон ва наврасон - “Пайрав”, маҷаллаҳои “Маърифати омӯзгор” ва “Маорифи Тоҷикистон” боздид ба амал овард ва бо шароити кории кормандон шинос гардида, ҷиҳати нашри босифати нашрияҳо, муаррифии дастоварду инъикоси проблемаҳои ҷойдоштаи соҳа, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо омӯзгорон ва муаррифии чеҳраи омӯзгорони варзида дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Бахтовар Сафаров