БОЗДИДИ РАҲИМ САИДЗОДА АЗ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ ПОЛИТЕХНИКИИ ТУРИН ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД

15-04-2024
15-уми апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз парки технологии Донишгоҳи политехникии Турин дар шаҳри Тошканд дидан кард.
Дар ҷараёни боздид қайд гардид, ки дар ҳоли ҳозир ин муассисаи таълимӣ яке аз донишгоҳҳои пешқадами Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад ва дорои парки муосири технологӣ мебошад.
Тавре Раҳим Саидзода иброз дошт, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маориф ва илм дар марҳилаи нав қарор дорад. Ҳамзамон вазири маориф ва илм зикр кард, ки истифодаи таҷрибаҳои кишвари ҳамсоя дар самти илмҳои техникӣ, бахусус, ташкили паркҳои технологӣ ва тавсеаи онҳо тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ баҳри рушди маорифи миллӣ мусоидат менамояд.
Дар охир аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар замини назди донишгоҳ ниҳолҳои дӯстӣ шинонидани шуд.
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илм ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд қарор дорад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон