БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ПАЖӮҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ

11-03-2022
11-уми марти соли ҷорӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода аз Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дидан намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Пажӯҳишгоҳ яке аз муассисаҳои тобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба таҳкиқи масъалахои мубрами мактаби миллӣ, педагогикаю психологияи муосир ва татбиқи методҳои нави таълиму тарбия машғул аст. Нақшаи фаъолияти Пажӯҳишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятҳои инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф мураттаб шудааст.
Мавзуи бунёдии он «Рушди маорифи миллӣ» буда, олимону кормандони илмиаш ба таҳқиқу баррасии низоми муосири таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он машғуланд. Ғайр аз ин, кормандони муассиса ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳияву такмили стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаю барномаҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои илмию методӣ, монографияҳо ва дигар маводи педагогию психологӣ машғуланд.
Тибқи сохтори нав дар Пажӯҳишгоҳ 14 шуъба, 1 лабораторияи илмӣ- таҳқиқотӣ, 1 китобхонаи илмӣ ва маҷаллаи илмии «Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф» фаъолият менамоянд. Мавриди зикр аст, ки олимону муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳ натиҷаи таҳқиқоти илмиашонро таҳлилу ҷамъбаст намуда, дар ин замина таклифу пешниҳодоти худро оид ба рушди маорифи ҷумҳурӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Натиҷаи таҳқиқот, дастовардҳои илмӣ ва дархосту тавсияҳояшонро тавассути маҷаллаю рӯзномаҳои илмию педагогӣ ва методӣ бо мақола ва дастурҳо дастраси ниёзмандон мегардонанд. Роҷеъ ба масоили мухталифи соҳа ва ҳалли мушкилоти он семинар, конференсия, мизи мудаввар ва дигар чорабиниҳои оммавӣ доир карда, ба сардорони раёсат ва мудирони маорифи шаҳру нохияҳо, директорону муовинон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ёрии амалию методӣ мерасонанд.
Вобаста ба фаъолияти минбаъда ба масъулини Пажӯҳишгоҳ ва кормандон дар самти андешидани тадбирҳо ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ, самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи дастурҳои методӣ роҷеъ ба технологияҳои муосири таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳқиқи омилҳои ҷинояткории ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб ва ташаккули сифатҳои ахлоқии онҳо, таҳқиқот доир ба омилҳои равонии коста гаштани ахлоқи ҷавонон ва кам гаштани эҳтироми волидону калонсолон аз ҷониби онҳо, омӯзиши сабабҳои психологӣ ва педагогии хуб будани сатҳи донишу ахлоқ дар синни хурди мактабӣ ва коста гаштани он дар синни миёна ва калони мактабӣ, гузаронидани тадқиқот ва муайян намудани омилҳои равонии ба худкушӣ даст задани наврасону ҷавонон, омӯзиш ва таҳқиқи проблемаҳои дидактикии таълими кӯдакони болаёқат, таҳқиқот доир ба методология ва технологияи рушди шахсият дар шароити ҳамгироии системаи таҳсилот, омӯзиши заминаҳои психологии инкишофи тафаккури техникӣ дар кӯдакону наврасон ва ҷавонон, омӯзиш ва паҳн намудани донишҳои педагогию психологӣ, таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар самти ҷорӣ ва амалигардонии усулҳои муосири таълиму тарбия, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ (конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар) роҷеъ ба мушкилоти соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадам, навгароии таълиму тарбия, натиҷаи озмоишу таҳқиқот, мавриди таҳлилу таҳқиқ ва таҷдиди назар қарор додани стандартҳо, барномаю нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ оид ба фанҳои табиию риёзӣ дар шароити гузариш ба низоми нави таълим ва ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони ватанӣ, гузарондани таҳқиқот оид ба тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ дар муҳити оила ва муассисаҳои таълимӣ, коркард ва таҷдиди мазмуну мундариҷаи технологияи таълим дар мактабҳои камнуфус, роҳҳои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон