БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯҲОИ ЛАХШ ВА ТОҶИКОБОД

22-08-2023
22 августи соли равон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади шинос шудан ба рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба соли нави хониш аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Лахш ва Тоҷикобод боздид кард. Зимни боздид аз муассисаҳои таълимии №№-11, 26, 40, 2 ва 7-и ноҳияи Лахш ва №№-5, 32 ва 19-и ноҳияи Тоҷикобод муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, машварати августии кормандони соҳаи маориф, нақшаи кори муассисаҳои таълимӣ, дурнамои рушди соҳаи маориф дар минтақаи Рашт, зиёд кардани шумораи донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ташкили маҳфилҳои илмиву адабӣ, диққати ҷиддӣ додан нисбати таълиму тарбияи муҳассилин, қабули хонандагон ба синфи як ва гузаронидани давраи мутобиқшавӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ, аз таъмири ҷорӣ баровардани муассиҳои таъмирталаб, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Ҳамчунин муовини якуми вазири маориф ва илм бо директорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохурӣ бо директорон қайд гардид, ки ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, тақвияти ҳисси миллии онҳо, тарбияи ватандӯстӣ ва азнавбақайдгирии довталабон (махсусан ҷавондухтарон) барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар диққати махсус дода шавад. Зеро вазъи қабули ҷавондухтарони ноҳияҳои мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии  касбии кишвар чандон хуб ба роҳ монда нашудааст.
Дар идома Ҷамшед Ҷӯразода аз рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ боздид намуда, зикр кард, ки муассисаҳои таълимӣ бояд ҷавобгӯ ба стандартҳои муосири сохтмонӣ сохта шаванд ва синфхонаҳо муҷаҳҳаз бо ашёву аёниятҳои фаннӣ бошанд. Ин яке аз омилҳои пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. 






Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон