БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №36 НОҲИЯИ РӮДАКӢ

11-03-2022
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаҳои таълимӣ, хусусан, дастоварду мушкилоти соҳа дар минтақаҳо 11-уми марти соли ҷорӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар якҷоягӣ бо сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 деҳаи Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд.
Тибқи иттилои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 деҳаи Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ муассиса соли 1981 барои 780 нафар сохта шуда, айни ҳол 1826 хонанда таҳсил менамояд ва ба таълиму тарбияи хонандагон 65 омӯзгор машғул мебошад.
Бинобар сабаби аз 3 деҳа –Тезгари боло, Тезгари поён ва Шодмониён ба таҳсил фаро гирифта шудан шумораи хонандагон дар синфҳо 37-40 нафарро ташкил медиҳад.
Бо назардошти ин, бо ибтикори маъмурияти муассиса ва дастгирии сокинони деҳа 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, соли 2019 бинои муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмир карда шудааст.
Зимни боздид муовини якуми вазир дар дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия тавсияҳои судманд дод. Аз ҷумла, пас аз иштирок дар дарси Таърихи дин ба хонандагон оид ба асосҳои илмии пайдоиши динҳо, фарҳанги таҳаммулгароӣ дар дини ислом, зиёни хурофотпарастӣ ва пешгирии ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони истиқлол, дар руҳияи худшиносӣ ба камол расидан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ суҳбат ороста шуд.
Дар баробари ин, дар дарсҳои география (синфи 7), математика (синфи 4) оид ба ҳифзи табиат, ибтикороти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, тарзи ҳаёти солим, эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва аҳамияти омӯзиши ин фанҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамчунин, ба маъмурияти муассиса ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муассиса ва гирду атрофи он, то оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонидани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, самаранок истифода намудани қитъаи замини назди муассиса, бартараф намудани норасоии мизу курсӣ ва китобҳои дарсӣ дастур дода шуд.
Зимни суҳбат омӯзгорони фаннӣ дар хусуси омодагӣ ба дарсҳо, истифодаи аёниятҳо, усулҳои ҳамкорӣ дар таълим, дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасот, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони истиқлол, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро тарбия намудани хонандагон муваззаф карда шуданд.
Аснои суҳбат бо хонандагон бобати донишандӯзӣ, мутолиаи китоб, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва забонҳои русиву англисӣ, риояи либоси мактабӣ, интихоби бошууронаи касб, эҳтироми калонсолон, падару модар ва омӯзгорон маслиҳатҳои муфид дода шуд.