БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

11-05-2022
Субҳи 11-уми майи соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода дар якҷоягӣ бо сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дидан намуд.
Нахуст, муовини вазир Л. Абдулхолиқзода аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, бо донишҷӯёну омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом дод ва доир ба таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, фанҳои таълимии азхудшаванда, хусусан фанҳои тахассусию маҳорати суханварӣ саволу ҷавоб намуд. 
Зимни боздид аз саҳни муассиса ва синфхонаҳои таълимӣ маълум гардид, ки ҳолати тозагии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва дар соати аввали дарсӣ давомоти донишҷӯён қонеъкунанда набуда, Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён низ дар сатҳи зарурӣ риоя намегардад. 
Ҳамзамон, Л. Абдулхолиқзода-муовини вазири маориф ва илм аз толори фарҳангӣ, китобхона, ошхона ва студияи таълимии телевизиони донишкада дидан намуд.
Сипас, муовини вазир бо иштироки ректору муовинони ректор ва деканони факултетҳо ҷаласаи корӣ доир намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, назорати давомоти донишҷӯён, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассиса ва ҷомеа ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, дастур дода шуд, ки аз натиҷаи камбудию мушкилоти бамушоҳидарасида нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, вобаста ба иҷрои бандҳои он дар кутоҳтарин муҳлат ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод карда шавад.