БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ АЗ ҶОНИБИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ СОХТАШАВАНДА

02-04-2022
2-юми апрели соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе сохташаванда дидан намуд.
Бояд гуфт, ки дар доираи амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.
Зимни боздид, муовини Сарвазири кишвар ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, бо масъулин ва сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақшаи пешакӣ муассисаи таълимӣ соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад. 
Ҳамчунин, Усмоналӣ Усмонзода-муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохтмоничиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.