БОЗДИДИ Л.АБДУЛХОЛИҚЗОДА АЗ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ДДОТ БА НОМИ ХОСИЯТ МАХСУМОВА

11-05-2022
11-уми майи соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Лутфия Абдулхолиқзода дар якҷоягӣ бо сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Ҳокимхон Вализода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён аз Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Хосият Махсумова дидан намуданд.
Нахуст, муовини вазир Л.Абдулхолиқзода аз факултетҳои муассисаи таълимии мазкур дидан намуда, бо донишҷӯёну омӯзгорон суҳбати озод анҷом дода, аз вазъи талълиму тарбия, шароити таҳсил дар муассиса ва шароити зист дар хобгоҳ, таъминот бо китобҳои дарсӣ, истифодаи тахтаҳои электронӣ аз ҷониби омӯзгорон ва чанде дигар шинос гардид.
Дар идома, муовини вазир аз китобхона, хобгоҳ ва бунгоҳи тиббии муассиса дидан намуд. 
Сипас, бо иштироки директору муовинони директор ва деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ҷаласаи корӣ доир намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, инчунин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатию забонҳои хориҷӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории коллеҷ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъсиси кафедраҳои методикаи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, назорати давомоти донишҷӯён, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба таҳияи рисолаҳои хатм, зиёд намудани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар китобхона ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассиса ва ҷомеа ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.