БОХТАР. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ЯК ҚИСМИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №7 ПАС АЗ ТАЪМИРУ БАРҚАРОРСОЗӢ

14-12-2023
Имрӯз, 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар як қисми бинои иловагии МТМУ №7 пас аз таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва масъулин иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Нурулло Шарифов соли 1965 таъсис ёфтааст. Муассисаи таълимии мазкур аз 4 бинои 2 ошёна иборат буда, дорои толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳ дар ошёнаи 2-юм мебошад, ки шумораи умумии синфхонаҳо 49 адад ва 1 адади он ҳуҷраи кории омӯзгорон аст. Дар ҳудуди муассиса сохтмони дегхона барои гармидиҳии бино дар фасли зимистон ба нақша гирифта шудааст.
Фармоишгари бино соҳибкор Соҳибов Шамсулло буда, бо усули хоҷагӣ аз ҳисоби худ (зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ) таъмири капиталӣ намуда, корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ёрирасон идома дорад. Маблағгузорӣ барои таъмири пурра то ба 5 миллион сомонӣ идома меёбад.
Масоҳати умумии бино 2,5 га-ро ташкил медиҳад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 90 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд, ки 61 нафари онҳоро омӯзгорон ташкил медиҳад.
Бинои муассисаи таълимӣ барои 964 нафар хонанда пешбинӣ гардида, айни замон дар он хонандагон аз синфи 1-ум то синфи 11-ум 1440 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Маблағгузории музди меҳнати омӯзгорон аз ҳисоби буҷаи маҳал пешбинӣ гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 24 декабри соли 2020, бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Қаҳҳоров Зайнулло 2 бинои дуошёна пурра аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои муассиса мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин соли равон бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Соҳибов Шамсулло 1 бинои дуошёнаи муассисаи мазкур бо фарогирии 13 синфхона ва роҳравҳо аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, 3500 м2 саҳни муассиса сафолакпӯш шуд.
Оид ба иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон” барои солҳои 2022-2027 дар соли 2023 сохтмони бинои муассисаи томактабии хусусӣ дар маҳаллаи М. Турсунзода аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ барои 100 нафар тарбиятгиранда ба нақша гирифта шуда, сохтумонаш оғоз гардидааст.
Ҳамзамон, сохтмони бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои 312 нафар хонанда ва бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №6 барои 620 нафар хонанда ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.
Раванди корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Бохтар бо маром идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Дар шаҳри Бохтар 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 2 гимназия, дар маҷмуъ 24 муассисаи таълимӣ вуҷуд дошта, шумораи умумии хонандагон 29109 нафар мебошад, ки ба таълиму тарбияи онҳо 1303 нафар омӯзгор машғуланд.
Ҳамзамон 19 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 1 муассисаи таълимии томактаби назди корхона (роҳи оҳан) бо фарогирии 3191 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда истодааст. Барои таълиму тарбияи онҳо 228 нафар омӯзгорон ва мураббияҳо кору фаъолият менамоянд.
Зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар саҳни бино омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон