БЕШ АЗ 140 НАФАР БО МУКОФОТИ МОЛИЮ ПУЛӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

23-08-2023
Имрӯз, дар машварати августии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 140 нафар кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, соҳибкорон ва хонандагон аз тарафи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.
Ба 16 нафар омӯзгорон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва ба як нафар замин бо сохтмони хонаи истиқомат кумак карда шуд,ки онҳоро шодию нишот фарогир буд.
Соли дуюм аст, ки "Парчам сайёри ғолиб дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон" ташкил карда шудааст, ки ба раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар соҳа дастоварду муваффақиятҳои зиёд доранд, тақдим карда мешавад. Имсол парчами номбурда насиби ноҳияи Данғара гардид. Чароки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо дар сатҳи вилоят ноҳияи мазкур мақоми аввалро ишғол мекунад. 
Дар ин раванд, ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз тарафи вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро унвони Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Зеро Давлаталӣ Саид ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дошта, дар рушду пешрафти он саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
Сипас, ба кормандони соҳаи маориф, собиқадорон, омӯзгорони пешсаф, хатмкунандагон бо аттестати аъло, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии "Мураббии соли Тоҷикистон" ва "Омӯзгори соли Тоҷикистон", дорандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ғолибони озмуни "50 номинатсияи беҳтаринҳои соҳаи маориф" бо мукофот сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон