БАРРАСИИ ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ РӮДАКӢ, ҲИСОР, ШАҲРИНАВ ВА ТУРСУНЗОДА

07-05-2022
7-уми майи соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор ҷаласаи кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар кори ҷаласа, инчунин, муовинони вазири маориф ва илм, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи он, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва кормандони шуъбаҳои маориф иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа нахуст Қутбиддин Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Маҳина Бобоева-сардори бахши томактабӣ вобаста ба фаъолияти муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ, аз ҷумла рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, ҷойи нишаст ва аз таъмири капиталӣ баровардани биноҳои таълимӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба имтиёзҳои муқарраршуда, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, њаракати олимпї, Умед Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ вобаста ба фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла фарогирии хонандагон ба маҳфилҳо, Муяссара Давлатова-сардори шуъбаи сифати таҳсилот вобаста ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, Ҳокимхон Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла, мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ ва ҷалби донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони тахассусӣ, Умед Ҳасанов-сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ вобаста ба сертифкаткунонии муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи мақсадноки иншоот ва заминҳои наздимуассисавӣ маълумот доданд.
Зимни баррасии масъалаҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳалли масъалаҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла пурра иҷро намудани барномаҳои давлатӣ, таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, ҷойи нишаст ва аз таъмири капиталӣ баровардани биноҳои таълимӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба имтиёзҳои муқарраршуда, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, ба роҳ мондани сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, ҷалби хонандагон ба маҳфилҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ ва ҷалби донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони тахассусӣ, истифодаи мақсадноки заминҳои наздимуассисавӣ, таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дастгирии омӯзгорони эҳтиёҷманд, дар маҷмуъ, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.