Баррасии таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ дар ҷаласаи назди вазир

07-01-2019
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф таҳия, нашр ва таъмини муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар дастурҳои методӣ мебошад. Бо ин мақсад, 4-уми январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушовирони китоби раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳисоботи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди вазорат К. Исоев шунида шуда, масоили вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм дар ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки соҳаи китобдорӣ яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа дар самти рушди ақливу зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии наврасону кӯдакон, махсусан, хонандагони ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Дар баробари китобҳои дарсӣ, китобҳои бадеӣ ҳам дар инкишофи зеҳни хонанда нақши муҳим мебозад. Агар кӯдак халли масъалаҳои гуногуни илмиро аз китобҳои дарсӣ аз худ кунад, инсондӯстиву ватанпарварӣ, интихоби ҳамнишин дар зиндагӣ, шикасту рехти ҳаёт ва садҳо хислатҳои ҳамидаи инсониро аз китобҳои бадеӣ аз худ намуда, ба ин восита, ҷаҳонбинии ӯ васеъ мегардад.
Комил Исоев – директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ қайд намуд, ки дар давоми шаш соли охир (аз соли 2012 то соли 2018) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи 247 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори 18 миллиону 564 ҳазору 256 нусха ва маблағи 175 миллиону 543 ҳазору 729 сомонӣ тавассути ширкатҳои ноширии ватанӣ ба роҳ монда шудааст.
-Айни замон дар 13 ширкати ноширии ватанӣ нашри 33 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 миллиону 754 ҳазор нусха ба маблағи 50 миллиону 699 ҳазору 650 сомонӣ идома дошта, давра ба давра чоп ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас мегарданд, -қайд кард К.Исоев.
Дар рафти ҷаласа вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ба мушовирони китоби раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастур дод, ҷиҳати пешниҳоди дурусти эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ бо назардошти дурнамо, баратарф кардани норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тақсимоти дуруст миёни хонандагон ва дигар проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар ин самт чораҳои судманд андешанд. 
Аҳмадшоҳи Масъуд,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм