Баррасии масоили ҳамкориҳо бо намояндагони Ҷумҳурии Эстония

24-01-2019
Дар доираи амалишавии барноми лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» имрӯзҳо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Давлатзода, мутахасиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ А.Ҷаъфаров, ҳамоҳангсози зерқисмати лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» Ҳ.Саидов, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Т.Хоҷаев ва муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода М.Шоев дар Ҷумҳурии Эстония қарор доранд.
Дар рафти сафар вохӯрии С.Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифати Ҷумҳурии Эстония доир гардид, ки дар он вобаста ба сифати таҳсилот ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, шароит, имконият ва талаботҳои муосир дар самти мазкур дар доираи барномаи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бояд қайд кард, ки Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифат яке аз ташкилотҳоест, ки ба масъалаи аккредитатсия ва назорати сифати таълим фаъолият мебарад. Ташкилоти мазкур бевосита бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкорӣ менамояд. 
Ёдовар мешавем, ки сафари корӣ тибқи нақша аз 21 то 26 январи соли 2019  ҷараён мегирад.