БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ

29-11-2023
29 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм бо иштироки  сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсии Шуро, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи навбатии Шуро масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида, консепсияи китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ, вазъи таълиму тарбия ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе, «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» мавриди арзёбӣ қарор гирифт. 
Тибқи масъалаи якум аз ҷониби директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Пиракзода дастхати 27 номгӯй адабиёти таълимӣ, аз он ҷумла 6 номгӯй дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 2 номгӯй барномаи таълим ва 1 дастури методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 15 китоби дарсӣ ва 3 дастури таълимиву методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки баъд аз ташхис барои баррасӣ пешниҳод шудаанд, муаррифӣ карда шуд.
Вобаста ба масъалаи консепсияи китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ роҳбари гурҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни забони русии Шурои миллии таҳсилот Т. Гусейнова маъруза намуда, иброз дошт, ки муҳтавои матну истилоҳҳои китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони тоҷикӣ бояд бознигарӣ ва ба талаботи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Љумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шаванд. 
Вобаста ба масъалаи мавриди назар аз ҷониби раиси ҷаласа дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар ояндаи наздик мутобиқ гардонидани китобҳои дарсии фанни забони русии муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ ба китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва муаллифони китобҳои дарсӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамин замина масъалаҳои ҳалталаб бартараф карда шаванд.  
Ҳамзамон доир ба арзёбии вазъи таълиму тарбия ва азхудкунии барномаҳои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ҳисоботи роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози тарбияи томактабӣ ва таълими ибтидоии Шурои миллии таҳсилот М. Бобоева шунида шуд. Номбурда фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактаб, бахусус муассисаҳои томактабии хусусии шаҳри Душанберо дар самти таъминот бо бозичаҳо, маводи таълимию методӣ, маводи аёнию дидактикӣ, мизу курсӣ ва ғайра нисбатан қаноатмандкунанда арзёбӣ намуд. Дар баробари ин пешниҳод гардид, ки мутахассисони соҳаи томактабии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини муассисаҳои томактабии хусусӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барнома ва дастурҳои таълимию методӣ, маводи дидактикӣ ва аёниятҳо бо забони давлатӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Аз ҷониби раиси ҷаласа ба роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози тарбияи томактабӣ ва таълими ибтидоии Шурои миллии таҳсилот ва роҳбарони муассисаҳои масъули вазорат ҷиҳати бознигарии барномаи таълимиву тарбиявии «Рангинкамон», мавриди омӯзиш қарор додани адабиёти тарбиявӣ ва бадеии дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ истифодашаванда, мураттаб сохтани феҳристи китобҳои бадеӣ барои кӯдакистонҳо ва бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ таҳия намудани адабиёти таълимиву тарбиявӣ ва бадеӣ барои ин зинаи таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.    
Дар ҷаласаи ҳамчунин «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» мавриди муҳокима қарор гирифт. Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Пиракзода иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи номбурда, ки дар асоси дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ таҳия шудааст, соли 2024 нашри 32 номгӯй китоби дарсӣ (ба истиснои китобҳои дарсӣ барои синфи 1-ум) бо теъдоди умумии 1 миллиону 131 ҳазор нусха дар назар дошта шудааст.
Бо мақсади сари вақт ба роҳ мондани раванди таҳия, бознигарӣ ва экспертизаи китобҳои дарсии ба «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» воридгардида директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода муваззаф гардид, ки бо ҳамкории Муассисаи нашриявии «Маориф» ва муаллифону гурӯҳҳои экспертӣ китобҳои дарсиро сари вақт ба чоп омода намуда, дар муҳлати муқарраргарида ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонанд. 

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,
илмию методии Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон