БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ КИШВАР

17-01-2024
Имрӯз, 17 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти омода кардани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, беҳтар кардани сатҳи забондонии донишҷӯён, тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии онҳо, гирифтани пеши роҳи гаравидани донишҷӯён ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ унсури асосӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина зарур аст, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан, дар самти додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ чораҳои дахлдор андешида шавад.
Дар охир миёни иштирокчиёни ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, бо дарназардошти фикру пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон