Барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» созишномаҳо ба имзо расиданд

31-01-2024
ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Созишномаҳоро дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ба имзо расониданд.
Мақсади маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф»- ин мусоидат баҳри беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.
Арзиши созишномаҳо 70 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, 45 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзии имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ва 25 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди Шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот, ки тавассути Бонки Исломии Рушд маъмурӣ кунонида мешавад, маблағгузорӣ мегардад.