БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

12-05-2023
12 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин барномасоз” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст Ҳакимбек Абдуалимзода қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва ба ин васила баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои информатсионӣ, ташаккули маҳорати истифодаи барномаҳои амалии компютерӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули Ҳукумати электронӣ равона карда шудааст, амри зарурӣ ва саривақтист.
Сипас Лутфия Абдухолиқзода иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Баъди маросими ифтитоҳӣ донишҷуён вобаста ба номинатсияҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, донишу маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Озмун тибқи талаботи низомнома аз рўйи 2 номинатсия: барномасозӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ баргузор мегардад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон