БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ, СОЛИ ЗАБОНИ РУСӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

05-10-2023
5 октябри соли равон дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Соли забони русӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Таҳсилоти гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳамаддовуд, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Нахуст, Эмомалӣ Насриддинзода зимни сухани ифтитоҳӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф қайд намуда зикр кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад. Гиромидошти забони давлатӣ ба маориф алоқамандии зич дошта, он дар донишазхудкунии хонандагон нақши муҳим мебозад.
Сипас, Ҷамшед Ҷӯразода иброз дошт, ки гиромидошти забони давлатӣ ва омӯзиши забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимми муоширати байни миллатҳо дар шароити таҳсилоти гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Точикистон яке аз роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо давлатҳои ИДМ ба шумор меравад.
Дар идома Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигар олимону пажуҳишгарон маърӯза карданд.
Ёдовар мешавем, ки вазъи кунунии забономӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави татбиқи “Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тақвият ёфта, такмили стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва маводди таълимӣ дар доираи амалишавии ин барнома ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмуъ, дар конференсия беш аз 40 мақолаву маъруза пешниҳод гардида, нашри маводи конференсия дар шакли китоби алоҳида дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон