БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БА ОМӮЗГОРОН

19-09-2023
Имрӯз, 19 сентябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ба таври ҳузурӣ ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазири маориф ва илм қайд кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорони варзида таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати маориф ва илм мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи ба омӯзгорони варзида таъмин намудани муассисаҳои таълимии кишвар бояд ба таври зарурӣ корбарӣ карда шавад.
Раҳим Саидзода афзуд, ки соли 2024 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд ва ин хатмкунандагон дар асоси шартномаи чорҷониба метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намоянд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгориро пурра аз байн бубарем.
Раиси ҷаласа ҳамчунин диққати ҳозиринро ба масъалаҳои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти босамари омӯзгорон, ҳозиршавии хатмкунандагон ба ҷойи кор, аз ҷумла хатмкунандагони равияҳои омўзгорӣ ҷалб намуда, ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон