БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

27-01-2023
27-уми январи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода, муовинони вазир Л. Абдухолиқзода, З. Абдулзода ва Ш. Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ ҳисоботи Б. Исмоилзода - сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе «Оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2022» шунида шуд.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, зиёд шудани шумораи хонандагон дар шаҳр аз ҳисоби минтақаҳои нав ба он ҳамроҳкардашуда, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ ва беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки ҷиҳати дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шарикони рушд ба роҳ мондани сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва зиёд намудани теъдоди фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ чораҳои судманд андешида шавад. Зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид гардид, ки  ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ бояд мунтазам назорат карда шавад.
Дар рафти баррасии масъалаи зикршуда раиси ҷаласа Раҳим Саидзода ба сардорони раёсату шуъбаву бахшҳо ҷиҳати ҷалби бештари наврасону хонандагон ба маҳфилҳо ва дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон нисбат ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ба ин восита, омода намудани  онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, раиси ҷаласа бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамчунин, дар ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид ва вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон