БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2023

09-01-2024
9 январи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Эмомалӣ Насриддинзода – Ёрдамчии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Анушервон Амонзода – сармутахассиси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Файзалӣ – сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиева Нигина – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Қосимшо Искандаров – намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағдиров Тағдиршо – намояндаи Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиниё Абдулвосид – муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Иброҳимзода – муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.
Нахуст оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ кард. Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутаххасисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҳориҷӣ тамоми чораҳоро меандешад.
Сипас дар қисмати музокира суханронии сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Раҷабзода Маҳмадёр, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозакзода Зулҳия ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Анушервон шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи солонаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Насриддинзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани ҳиси худшиносиву ватандӯстии ҷавон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳурияиву байналмилалӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагӣ дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.
Дар идома раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи чопи китобҳои дарсӣ ва таҳияи маводҳои таълимӣ нигаронида, иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар шароити замони муосир аз ҷониби масъулин масъулияти боз ҳам бештарро талаб менамояд.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2024 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон