БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ НОЯБР

29-11-2023
29 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябр баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, сармуҳосибони муассисаҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда зикр кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Махсусан маблағгузорӣ ба соҳа сол то сол афзоиш ёфта барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Сипас гузориши сардори раёсати илм ва инноватсия С.Ниёзӣ “Оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишкада ва филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷии воқеъ дар шаҳри Душанбе” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони унвони илмидошта дар муассисаҳои мазкур, ташкили шуроҳои диссертатсионӣ, ҳимояи унвонҳо ва нақши олимони муассисаҳои таҳсилоти мазкур дар омода намудани кадрҳои боихтисос равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.
Дар идома ҳисоботҳои и.в. сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Б. Ҳасанзода “Оиди иҷрои маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаҳои зертобеи вазорат дар 9 моҳи соли 2023”, директори маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Р. Мирзозода “Оид ба вазъи истифодаи самараноки соатҳои «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 –2024 ва солҳои минбаъда» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва минтақаи Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ”, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҳ. Саидзода “Оиди натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2023”, мушовири вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Аминов “Оиди баррасии лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024” шунида шуд.
Сипас гузориши и. в. директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода ҷиҳати муҳокима ва тасдиқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ироа гардида, зимни муҳокимаи масъалаҳои иловагӣ адабиётҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти олии касбӣ аз қабили “Дастури таълимию методии «Математикаи шавқовар» барои мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (мураттиб: Девоншоева Тӯтихон)”, “Дастури методии «Нақшаи машғулиятҳои инкишофи тасаввуроти одитарини математикӣ» барои психологон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (мураттиб: Девоншоева Тӯтихон)”, “Дастури таълимию методии «Омӯзиш тавассути бозиҳои дидактикӣ» барои мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдакон (муаллиф: Озодамо Холова)”, “Дастури таълимию методии «Русский язык для детей старшего до школьного возраста» (Забони русӣ барои кӯдакони синни калони томактабӣ, бо забони русӣ) барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (муаллифон: Каримова Ирина, Валихоҷаева Меҳрӣ, Ҳакимова Барно)”, “Дастури таълимию методии «Формирование элементарных математических представлений у детей старшего дошкольного возраста» (Ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ дар кӯдакони синни калони томактабӣ – бо забони русӣ) барои мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (мураттиб: Девоншоева Тӯтихон)”, “Китоби дарсии «Children's infectious diseases» (Бемориҳои сироятии кӯдакона, бо забони англисӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Саидмуродова Гавҳар Мирбақоевна, Ҳоҷиева Нигина Муродовна, Додхоев Ҷамшед Саидбобоевич), “Китоби дарсии «Асосҳои аудити экологӣ дар саноат» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли касбӣ (муаллифон: Ш. Р. Собирова, С. С. Саидов, Д. М. Маҷидзода, А. А. Назарматов)”, “Китоби дарсии «Гидравлика ва боддеҳҳо» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович, Мирзозода Гулмаҳмад Хол, Зияводинов Суҳробҷон Субҳониддинович, Назаров Шуҳратҷон Абдуғуломович)”, “Китоби дарсии «Математикаи элементарӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Эркинбоев Хурсандбой, Мирзораҳимов Муродалӣ Ҳасанбоевич)”, “Китоби дарсии «Рустаниҳои шифобахш ва заҳрдор дар тибби байторӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: К. Нимадҷонова, Ҷ. С. Сатторов)”, “Китоби дарсии «Назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Б. К. Сангинов, Ш. Б. Шарипов, А. М. Набиҷонов)”, “Китоби дарсии «Назорат ва тафтишот дар муассисаҳои буҷетӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Зариф Шарифов, Шодии Давлаталӣ)”, “Китоби дарсии «Основы региональной экономики» (Асосҳои иқтисодиёти минтақавӣ, бо забони русӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Каримова Мавзуна Тимуровна)”, “Китоби дарсии «Стандартҳои байналмилалии аудит» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: С. Ф. Низомов, Н. М. Собирзода, Ш. Қ. Бадалов, Зарринаи М.)”, “Китоби дарсии «Фалсафа» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Шарифов Исомуддин Умарович, Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич, Гулаҳмадов Шамсиддин Нурович)”, ва “Китоби дарсии «Автомобили сабукрави муосир» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (муаллифон: Ғиёсов Иброгим Довудхонович, Саидзода Раҳим Ҳамро, Тошев Ҷаҳонгир Шодибекович, Ғиёсов Илҳом Иброгимович)” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, баланд намудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъсиси бештари марказҳои инкишофи кӯдак, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2023-2024, чопи китобҳои дарсӣ, бештар намудани омӯзгорони унвонҳои илмидошта, баргузории олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, иҷрои саривақтии стратегияву барномаҳо, консепсияву дурнамоҳои рушди соҳаи маориф ва илм заминаи мусоидро ҷиҳати таҳким ва рушди соҳаи маориф фароҳам меорад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон