БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ИЮН

29-06-2023
29 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсат ва мудирону кормандони шуъбаҳои маорифи кишвар, директорони мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо барои хонандагони болаёқат ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раҳим Саидзода ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуда, иброз дошт, ки дар шароити феълӣ кормандони соҳаи маорифи кишварро мебояд барои рушди соҳа ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.
Сипас гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш.Асомиддинзода “Оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар мактабҳои президентӣ ва литсейҳои ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат” шунида шуд. Раҳим Саидзода диққати ҳозиринро ба фаъолияти муассисаҳои типи нав (литсею гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ) ҷалб намуда, таъкид дошт, ки фаъолияти ин муассисаҳо бояд дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шавад. Шароити таълиму тарбия ва хониш дар муассисаҳои мазкур ҳарчанд то имрӯз хуб бошад ҳам, аз меъёр зиёд будани хонандагон дар синфҳо, омӯзгорони ғайритахассус ва чанд мушкилии дигарро бояд дар фурсати наздик ҳаллу фасл намуд. Дастур дода шуд, ки низоми қабули хонандагон ба мактабҳои президентӣ таҷдиди назар карда шавад.
Инчунин гузориши ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷ.Намоззода “Оид ба фаъолияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар нимсолаи якуми соли 2023” пешниҳоди иштирокдорон карда шуд. Раиси ҷаласа иброз намуд, ки вобаста ба гузаронидани дарсҳои онлайнӣ дар раванди аз такмили ихтисос гузаронидани кормандони соҳаи маориф ва истифодаи техникаву техналогияи муосир барои содда намудани раванди дарс чораҳои зарурӣ мебояд андешид
Дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода “Дар бораи китоби дарсии «Забони модарӣ» барои хонандагони синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Байзоев Азим, Аҳмадбекова Аълобону, Машокирова Гуландом, Зубайдова Ҷамила, Абдуллоев Ҷангӣ)”, “Дар бораи китоби дарсии «Букварь» (Алифбои русӣ) барои хонандагони синфи 2-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Кострикова Мария Василиевна)”, “Дар бораи китоби дарсии «Русская речь» (Нутқи русӣ) барои хонандагони синфи 2-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Кострикова Мария Василиевна)”, “Дар бораи китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ» барои хонандагони синфи 2-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф С. Сатторов, Ҷ. Охунов, М. Яҳёев, А. Алиев)”, “Дар бораи китоби дарсии «Русская речь» (Нутқи русӣ) барои хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Кострикова Мария Василиевна)”, “Дар бораи китоби дарсии «Санъат ва меҳнат» барои хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Бойназаров Бойназар, Довутова Меҳрангез, Ҳалимзода Давлатбек, Раҷабалиева Гулчеҳра)”, “Оид ба Дастури методии «English language teacher’s book, grade 6» (Дастур барои омӯзгорони забони англисии синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Дар бораи китоби дарсии «English language, grade 6» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Дар бораи китоби дарсии «English language, grade 7» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Дар бораи китоби дарсии «English language, grade 8» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Дар бораи китоби дарсии «English language, grade 9» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Оид ба Дастури методии «English language teacher’s book, grade 7» (Дастур барои омӯзгорони забони англисии синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Оид ба Дастури методии «English language teacher’s book, grade 8» (Дастур барои омӯзгорони забони англисии синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Оид ба Дастури методии «English language teacher’s book, grade 9» (Дастур барои омӯзгорони забони англисии синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) (муаллифон: Наврӯзбекова Сайлӣ, Мусрифшоева Савринисо)”, “Дар бораи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон Тоиров Урватулло, Солеҳов Мирзо, Ширинзода Наҷмиддин)”, “Дар бораи китоби дарсии «География (Материкҳо ва уқёнусҳо)» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон Диловаров Раҳматшо, Қодиров Набӣ, Самиев Амриддин, Имомов Абдулло)”, “Дар бораи китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон Комилиён Файзалӣ Саъдулло Раҳмонзода Зоир Файзалӣ)”, “Дар бораи китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон Маҳмудзода Маҳкам, Раҳимзода Маҳмад)”, “Дар бораи китоби дарсии «Алгебра» барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон Усмонов Нурулло, Пиров Раҳмон)”, “Дар бораи китоби дарсии «Таърихи умумӣ» барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Таваралӣ Нозимпур Зиёзода)”, “Дар бораи китоби дарсии «Биологияи умумӣ» барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Маҳмадзиёев Абдулло, Савлатов Саид, Тошев Абдулҳасиб, Ғиёсов Таваккал)”, “Дар бораи китоби дарсии «Геометрия» барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Алиев Боймурод.”, “Дар бораи китоби дарсии «Русский язык» (Забони русӣ) барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Бобоева Роҳат Наимовна)”, “Дар бораи китоби дарсии «Асосҳои назарияи электротехника» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллифон О. С. Раҳимов, М. И. Тошхӯҷаева, Д. С Мирхолиқова)”, “Дар бораи китоби дарсии «Таҳлили лингвистии матн» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллиф Абдуллоева Гулрухсор Зиёдуллоевна)”, “Дар бораи китоби дарсии «Равандҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрокворӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллифон Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович, Икромӣ Хуршед Икром, Сафаралиев Маҳмадалӣ Давлаталиевич, Заяодинов Суҳробҷон Субҳониддинович, Фирӯзи Сулаймонӣ)”, “Дар бораи китоби дарсии «Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллифон Табаров Неъмон амонович, Сидиқова Нодира Насруллаевна Шарипов Умед, Шарифзода Таҳмина)”, “Дар бораи китоби дарсии «Молия» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллиф Р. С. Шокиров)”, “Дар бораи китоби дарсии «Маърифат ва саводнокии молиявӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллиф Ҳикматов Умедҷон Сафарович)”, “Дар бораи китоби дарсии «Таҳлили молиявӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ(муаллифон Шодиев Куҳзод Қурбонбоевич, Фасеҳзода Ислом Саймирзо, Ҳакимов Саъдулло Назриевич, Урунбаева Нигина Абдумухторовна)” шунида шуд.
Ҳамчунин гузориши мушовири вазири маориф ва илм И.Аминов “Оид ба Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2023” пешниҳоди ҳозирин гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои типи нав, ба роҳ мондани тартиби дурусти қабули хонандагон ба муассисаҳои мазкур, дар сатҳи хуб ба анҷом расондани соли хониш, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон