«БАКАЛАВР» - ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ АСТ

29-08-2018
Тайи даҳсолаи охир мафҳуми «бакалавр» дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар вирди забони ҳама аҳли ҷомеа, бахусус аҳли зиёву таълимгирандагон қарор дорад. Вобаста ба дарки мафҳум ва моҳияти ин зинаи таҳсилот миёни қисме аз донишҷуёну мутахассисон ва баъзе аз роҳбарияти идораву муассисаҳо нофаҳмиҳое ба мушоҳида мерасанд, ки боиси тааҷҷубу таассуф аст. Агар зинаи таҳсилоти олии дар низоми байналмилалӣ эътирофшудаи бакалаврро қисме аз афроди ҷомеа ҳамчун зинаи таҳсилоти олии касбӣ эътироф намояд, пас гурӯҳи дигар ин зинаи таҳсилотро зинаи таҳсилоти олии нопурра меҳисобанд. 
Мутаассифона, аксари хатмкардаҳои зинаи бакалаври муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки мехоҳанд таҳсилро пас аз ин зинаи таҳсилот дар зинаи баъдидипломии магистр давом бидиҳанд бар он андешаанд, ки мехоҳанд дараҷаи таҳсилоташонро олии пурра (!) гардонанд. 
Боиси тазаккур аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №650 «Низомномаи бакалавриат, мутахассис ва магистратура» қабул карда шуда, дар ҷумҳурӣ тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ дар се зина – «бакалавр» (ба истиснои мутахассисони соҳаи тиббӣ), «мутахассис» ва «магистр» ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом пайгирӣ ва татбиқи амалии раванди ҷаҳонии Болонӣ дар низоми таҳсилоти дар доираи ҷаҳон эътирофшуда мебошад.  
Бакалавр зинаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳанӯз оғоз аз соли таҳсили 2008 бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони ихтисосманд қабул карда шудааст. Мафҳуми «бакалавр» ҳамчун истилоҳи англисии «bachelor’s degree» дараҷаи таҳсилоти олии эътирофшудаи байналмилалӣ аст. 
Дар шарҳи мафҳуми истилоҳи «бакалавр» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст, ки «бакалавр - шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст».  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ» истилоҳи бакалаврро ҳамчун «дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ, ки шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд» шарҳ додаст. 
Бакалавр дараҷаи академии тахассусӣ буда, ба (шахсе) соҳибихтисосе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро тибқи талаботи нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯи стандартҳои давлатӣ аз худ намудааст, дода мешавад. Ба дорандаи дипломи бакалавр ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки тибқи талаботи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи «мутахассис» пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бо баҳои хубу аъло хатмкардаҳои зинаи таҳсилоти олии бакалавр аз рӯи равия ва ихтисос ҳуқуқи давом додани таҳсил дар зинаи баъдидипломии магистрро доранд. 
«Магистр» тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии болозикр дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие мебошад, ки баъди супоридани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр, асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад. Мақсади он таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифи кишвар бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Тавре дар Низомномаи магистратура дарҷ гардидааст, ҳадафи таъсиси он таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик намудан ва барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё кардан аст.
Тибқи талаботи Низомномаи магистратура ба ин зинаи таҳсилот аслан онҳое бояд қабул карда шаванд, ки дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ- «бакалавр»-ро бо баҳои хубу аъло хатм карда, майлу рағбат ва шавқу қобилияти дар ин зинаи магистратура таҳсил кардан ва пас аз хатми он ба корҳои илмию амалии таҳқиқотӣ, навҷӯиву навоварӣ ва қобилияти иҷрои корҳои идориву маъмуриро доранд. Ба магистратура то 20%-и хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавсия карда мешаванд.  
Имрӯзҳо, ки қабули довталабон барои таҳсил дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома дорад, ҳамарӯза теъдоди муайяни хатмкардаҳои зинаи бакалавр ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, тавре зикр шуд аксари онҳо мехоҳанд бо имконияти таҳсил дар зинаи магистратура дараҷаи таҳсилоташонро пурра гардонанд(!). Мутаассифона қисме аз муроҷиаткунандаҳои зинаи магистратура онҳое мебошанд, ки зинаи бакалаврро бо баҳои омехта ва аксар бо баҳои дар маҷмӯъ «қаноатбахш - С» хатм кардаанд. Тибқи дастури вазири маориф ва илм ба магистратура онҳое, ки дар аттестатсияи давлатии хатми зинаи «бакалавр» ва ё «мутахассис» зиёда аз панҷ фанни таълимӣ баҳои «қаноатбахш – «С»; «С-» доранд, барои таҳсил ба магистратура тавсия дода намешаванд. 
Дар низоми таҳсилоти аврупоӣ дараҷаҳои бакалавр ва магистр кайҳо боз ҳамчун таҳсилоти олии касбӣ эътироф шудаанд. Тавре зикр шуд бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2008 дар Тоҷикистон ин раванд амалӣ гардида истодааст ва ин раванд ҷойгузини дараҷаи таҳсилоти олии касбии анъанавии «мутахассис» мебошад. Пас фарқ миёни дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ- «бакалавр» ва дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ- «магистр» дар чист!? 
Тафовут пеш аз ҳама дар барномаҳои таълимӣ аст. Агар дар зинаи «бакалавр» бакалавриат дар муҳлати на камтар аз чор сол доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро ҳосил карда, соҳибтахассус гардад, пас дар дараҷаи «магистр» дар давоми ду сол магистрант дар самти муайяни ихтисоси қаблӣ (бакалаврӣ) таҳсил карда, соҳаи муайяни илмро интихоб мекунад, рисолаи магистриро ҳимоя карда, баландихтисос мегардад ва ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул шуда, барои минбаъд таҳсилро дар зинаи докторантураи PhD давом додан, омода мешавад. Нақшаи ниҳоии таҳсил дар низоми ҷаҳонии таҳсилот «бакалавр» + «магистр» = докторантураи PhD аст.  
Бинобар ин, таълимгирандагону омӯзгорон ва ҳама аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ- «бакалавр»-ро ҳамчун таҳсилоти олӣ ҳисобида, ба онҳо ҳамчун мутахассиси дорандаи тахассуси олӣ муносибат намоянд. Дорандаи дипломи бакалавр дар сурати майлу рағбати беандоза ба илм ва эҳсоси қобилияту истеъдоди фитрӣ метавонад таҳсилро дар зинаи магистратура давом диҳад.  
 
       Раҷабалӣ Сангов- сардори шуъбаи таъминоти
       ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми
       Ҷумҳурии Тоҷикистон