БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МАВЗУИ “МАСОИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

01-06-2022
1-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шари Душанбе бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо-раисони комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳамасола 1-уми июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад ва имсол 73 сол мешавад, ки рӯзи мазкурро дар дунё ҷашн мегиранд. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ояндаи миллат дар Тоҷикистон низ ба ин санаи муборак диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Сипас, дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, сардори дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Шодихон, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷ.Саъдизода суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии иштирокдорон зикр гардид, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аслан 73 сол пеш бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба санаи мазкур махсусан қайд карданд, ки «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд»
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввалини ташкилшавии худ ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои аъзои ИДМ 26 октябри соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард. Дар баробари ин, Тоҷикистон ду протоколи иловагӣ ба Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонидааст. 
Аввалин гузориш ё ҳисоботи Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Конвенсия ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, тибқи муқаррарот Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ва бори охир соли 2017 ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ маърузаҳои даврии худро пешниҳод намудааст.
Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” барои татбиқи талаботҳои ин Конвенсия дар ҷумҳурӣ қабул карда шуд ва талаботҳои ин Конвенсия пурра дар амал татбиқ шуда истодааст.
Соли 2015 ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” зарурияти муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар назди Ҳукумати кишвар ба миён омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ 19 августи соли 2016, №348 дар асоси қарори худ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян намуд. 
Дар баробари ин, ЮНИСЕФ аз соли 1993 инҷониб дар асоси созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ҳамкории зич бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тавассути созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба тавонмандсозии кӯдакон ва истифодаи пурраи ҳуқуқҳои онҳо тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дастгирӣ менамояд. Барномаи кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо самтҳо, стратегияҳо ва ташаббусҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мувофиқат карда, ба ноил шудан ба 8 ҳадаф аз 17 ҳадафи муайяншудаи Рушди Устувор мусоидат мекунад.