Бақайдгирии довталабон аз 1-уми март оғоз меёбад

26-02-2018
Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, № 441 рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тасдиқ шудааст. Рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобас-та аз шаҳру ноҳияҳо дар соли 2018 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 38 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 14 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғоз мегардад ва мувофиқи тартиби муқарраргардида он бо ҳузури довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Н.Охунзода, 
«Омӯзгор»