БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПАЖУҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ БА НОМИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

05-10-2023
Имрӯз, 5 октябри соли 2023 бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои зертобеъ, собиқадорони соҳаи маориф ва илм бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомӣ ба истифода дода шуд.
Пас аз маросими буридани лентаи рамзӣ меҳмонон бо роҳбаладии президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён аз утоқҳои корӣ ва Осорхонаи маориф дидан намуданд. Зимни боздид қайд гардид, ки дар бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомӣ тамоми шароитҳо ҷиҳати фаъолияти босамари олимону пажуҳишгарони соҳа фароҳам оварда шудааст.
Дар идома меҳмонон дар конференсияи илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Соли забони русӣ ва Рӯзи омӯзгор таҳти унвони “Гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар толори бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон