Аз эссе наҳаросед

12-03-2018
Ба ҳамагон маълум аст, ки соли равон дар низоми имтиҳоноти қабул тавассути  Маркази миллии тестӣ тағйирот ба вуқӯъ пайвас-тааст ва акнун довталабон дар қатори ҷавобҳои тестӣ ҳамчун як шакли имтиҳон  эссе  менависанд. Албатта, ҳар як навгонӣ дар оғоз тарафдорон ва эътирозгарони худ-ро пайдо мекунад.
Навиштани эссеро низ на ҳама иқдоми  шоиста донистанд, вале батадриҷ моҳияти онро ҳамагон дарк карда истодаанд. Аз навиштани эссе набояд ҳаросид, балки ба он бо ҷиддият машғул бояд шуд. Ҳикмати машҳурест, ки «Агар гӯӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ, В-агар гӯӣ, ки натвонам, бирав, биншин, ки натвонӣ». Яъне, дар ҳар амале азму ирода ва қатъият  зарур аст. Барои навиштани эссе нахуст бояд хусусиятҳо ва тарзи иншои онро бояд дақиқан  омӯхт. Дар ин кор ба хонандагон, албатта, омӯзгорон раҳнамою  дастурдеҳи асосианд. Маълум, ки хонандагони тоҷик солҳо боз ҳангоми имтиҳоноти дохилимактабӣ ва хатми бобҳову мавзӯъҳо иншо менависанд ва аз қоидаҳои  иншонигорию моҳияти он хуб огаҳӣ доранд. Ин бар он маъност, ки шогирдони мо барои навиштани эссе замина доранд, зеро байни иншо ва эссе шабоҳате ҳаст. Маъмулан эссе як навъи очерки хурд ё баёни андешаву мулоҳиза буда, дар он изҳори афкор озод ва то ҷое мухтасар мебошад. Эссеро метавон дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, дар мавзӯъҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ, ватандӯстӣ эҷод кард. Ҳадаф аз нигориши эссе ҳар чӣ бештар муайян намудани сатҳи саводу ҷаҳонбинӣ, дараҷаи нутқи  хаттӣ ва қобилияти эҷодии довталабон мебошад. 
Мувофиқи талаби қоидаҳои маъмул муаллифи  эссе ҳангоми навиштан бояд ба нуктаҳои зерин бештар эътибор диҳад: матлабашро бонизом ва бо мантиқи устувор баён созад; фикрашро саҳеҳ ва бо истифода аз иқтибосҳои мувофиқ иброз намояд; мухтасаргӯй бошад, ибрози андешаро муғлақ насозад, ба дарозо накашад; кӯшиш намояд, ки навиштааш бо воқеият иртибот дошта бошад; ҳар чӣ бештар аз калимаю ибораҳои  носуфтаю архаистию шевагӣ худдорӣ бояд кард. Ба ҷои онҳо истифодаи зарбулмасалу мақолҳо, ибораҳои фразеологӣ, санъатҳои бадеӣ  эссеро муҳтавои тоза, ҳусни хосса мебахшанд. Маъмулан иншо аз се қисм – сарсухан, сухани асосӣ ва хулоса иборат аст. Довталабон эссеро дар ду-се саҳифа метавонанд нахуст сиёҳнавис карда, сипас рӯнавис  намоянд. Барои навиштани эссе Маркази миллии  тестӣ навад дақиқа вақт муайян кардааст, ки гумон мекунем, вақти кифоя аст.
Омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ дар соли хониши равон барои ба хонандагон омӯзонидани тарзи иншои эссе ва махсусиятҳои он ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ доданд ва умед аст, ки ин заҳмати онҳо боровар хоҳад буд. Ҳамин нуктаро махсус таъкид менамоем, ки ҳангоми навиштани эссе ба гузоштани аломатҳои китобатӣ ва имлои нигориш бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард, вагарна баҳо ба эссе паст хоҳад шуд. Инак, гумон мекунем, шогирдони мо ба навиштани эссе асосан омодаанд. Боз ҳам таъкид менамоем, ки аз ҳама асосӣ наҳаросидан, ҷиддӣ будан, бо азми комил қалам ба даст гирифтан аст. Дар ин ҳолат, бешубҳа, муваффақият ҳамдами дов-талабон хоҳад шуд.
 
Гуландом ҚУРБОНОВА, 
омӯзгори забони англисӣ