ҶАШНИ САДА – НАМОДИ ҲАМГИРОИИ ИНСОНИЯТ

06-02-2024
Имрӯз бо ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва раёсати донишкада бахшида ба гиромидошти ҷашни Сада бо иштирики вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сардори Раёсати табъу нашр ва матбааи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Конференсияро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳимми миллӣ табрик намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои мазкурро Сарвари давлат тавассути рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳё намудани мероси таърихию фарҳангии тоҷикон арзёбӣ намудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои ватандӯстона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам омад, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдодии мо, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, оинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо ба ҳисоб меравад.
Ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор доранд. Яъне, мардуми мо аз замонҳои бисёр қадим дар ҳар фасли сол ҷашну оинҳои хос доштаанд. Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин оинҳоро таҷлил карда, умеду орзу ва нияту орзу ва ҳадафҳои неки худро дар доираи онҳо ифода мекарданд. Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати ҷашни Сада аз 29-уми январи соли 2022 иброз доштанд, ки “аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд”. Дар робита ба ин, Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму оинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.
Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи маърузаи хеш зикр намуд, ки маърифати мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат аз ҷолибтарин падидаҳо ба шумор меравад, ки дар ташаккули давлатдории милллӣ аз худшиносию худогоҳии тамом ба сифати рукнҳои муҳимми таъмини истиқлоли сиёсӣ эҳё мегардад. Бузургдошти тамаддуни бостон аз ҷумла ба тамаддуни ориёӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ чун Наврӯзу Сада, Меҳргону Тиргон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дарки моҳияти ин нуктаҳои зарурӣ барои густариши давлатдории навини тоҷикон ҳамчун кишвари меросбари хонадонҳои бошукӯҳ, маънавиётбунёд ва тамаддуни гузаштаи хеш дарак медиҳад. Дар баробари андешидани тадбирҳои муҳим дар арсаи гиромидошти тамаддуни куҳани тоҷикон ба таҳқиқи тамаддуни миллӣ, ки дар саргаҳи он худи Пешвои миллат қарор дошта, бо таълифи китобҳои арзишманде нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ карда, дар ин амри муҳим саҳми барҷастае гузоштаанд. Зикр гардид, ки бо ташббуси бевоситаи Пешвои миллат ҷашни Сада аз соли 2017 дар баробари ҷашнҳои миллии Наврӯз ва Меҳргон таҷлил гардида, марҳила ба марҳила ҷойгоҳи хешро касб намуда, дар соли 2023 аз тарафи ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба қайд гирифта шуд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома аз яке аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мавриди ҷашни Сада ёдовар шуд, ки гуфта буданд: оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд. Яъне, ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.
Раҳмоналӣ Мирализода сардори Раёсати табъу нашр ва матбааи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ҷашни Садаро рамзи ҳамгироии инсонҳо арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар рӯзҳои баргузории ҷашни Сада мардум барои фурӯзон намудани оташи он якдилона ширкат варзида ҳар яке саҳми худро мегузошт. Бо баргузор намудани намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ки маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон мебошанд, ба маърази тамошо гузошта, ҳамдилию ваҳдатро тақвият мебахшиданд. Мавсуф аз таърихи зуҳури ҷашни Сада ёдовар шуда, зикр намуд, ки зуҳури он ба давраи асотирии таърихи мо рост меояд. Бино ба ривояи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҷашни Сада ва ихтирои оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ва бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст. Зоҳиран то замони Ҳушанг оташ шинохта нашуда буд ва рӯзе, ки ӯ барои шикор рафта буд, море сари роҳ пайдо шуд. Ҳушанг санге ба тарафи ӯ партоб кард, аммо мор кушта нашуд. Санг бар санги дигар бархӯрду оташ падид омад ва заминаи таҷлил намудани ҷашни Сада ба миён омад. Яъне ҷашни Сада ба ягон дин рабт надошта, ба табиат иртибот дорад.
Ғайбулло Авзалов раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ маърузаи хешро ироа намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад.
Аслан, ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, вақти анҷоми сардиҳои саҳти зимистон ва ба таъбири ниёконамон ҳангоми ба поён расидани чиллаи калон замоне, ки сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сари кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад.
Шамсиддин Орумбекзода узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маърузаи пурмуҳтавои худро доир ба таърих, ҷойгоҳ ва марҳилаҳои эҳёи ҷашни сада дар замони соҳибистқлолӣ ироа намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат ҳамасола зимни ироаи Паёмҳои худ ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, эҳёи суннату анъанаҳои миллиро муҷиби устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣӣ меҳисобанд. Пешвои миллат дар ин росто ҳамеша талош менамоянд ва ҳосили охири ин талошҳои фарҳангсоз он гардид, ки 6-уми декабри соли 2023, дар сессияи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба феҳристи мероси ғайримодии башарият ворид шуд. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш тазаккур дод, ки Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ имкон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ қавитар гардида, насли имрӯз аз анъанаҳои неки ниёгон бархурдор гардад.
Муҳаммад Абдураҳмон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ андешаҳояшро доир ба ҷашни Сада баён намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои фаъолияташон, бо вуҷуди ташвишҳои зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба соҳаи фарҳанг аҳамияти махсус медоданд. Ба таъбири дигар, ин абармарди таърихӣ кори давлатдории хешро бо фарҳанг оғоз карданд. Пешвои миллат ба хубӣ дарк намуданд, ки ниёгони бузургамон бо заҳмату талоши пайвастаашон дар роҳи илму адаб муваффақ гардида, бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоштаанд. Мавсуф дар идома қайд намуд, ки ҷашни Садаро ниёгони мо бо мусобиқаҳои паҳлавонӣ дар як радиф таҷлил намуда, дар баробари дигар дастовардҳо дастовардҳои варзиширо низ ба намошиш мегузоштанд.
Воқеан, аз назари ахлоқӣ ҷашни Сада инсонҳоро ба маҳкум кардани бадиву зиштиҳо талқин намуда, коштани донаи накуиҳоро судманд ва хушоқибат арзёбӣ мекунад. Аз гуманизми осори чандҳазорсола метавон натиҷа гирифт, ки расму оинҳои пешин, ки ҷашни Сада ҷузъи нахуст ва муҳим мебошад, шоҳону мардуми омро ба инсонгароӣ ва ҳамзистии осоишта даъват мекарданд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчунин бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллӣ аз нав эҳё гардиданд, ки дар миёни онҳо ҷашни Сада ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин росто, баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имкон фароҳам оварданд, ки мардум ба асолати ҷашнҳои миллӣ бештар ошноӣ пайдо намуда, ин оинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш бахшанд.
Дар анҷоми конференсия барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино