Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ...

29-01-2024
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №16
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини
якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода Ҷ.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №20
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
озод намудани Давлатзода С.Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон