ҲАМОИШИ СУДМАНД

11-10-2019
Бо ташаббуси  Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 11 – уми октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи “Бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар минтақаи Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори донишкада, доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода ифтитоҳ намуд. Таъкид карда шуд, ки дар замони пуртаззоди имрӯза омӯзгорон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бояд ба масъалаҳои хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки баргузории  чорабиниҳои илмӣ, методӣ, сиёсию маърифатиро бо мақсади тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон мунтазам ба роҳ монанд. 
Сипас,  муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддини Замон зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки дар  баробари дигар давлатҳои абарқудрати ҷаҳон Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳаллу баррасии мушкилоти ҷойдошта ҷойгоҳи худро нишон дода, мавқеашро муайян менамояд. 
Дар ҳамоиш 280 нафар омӯзгорону кормандон, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз тамоми  шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.
Мавзунахон  УБАЙДУЛЛОЕВА