ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

30-11-2023
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм аз 27-ум то 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Маросими ҷамъбастии он дар муассисаи мазкур гузаронида шуд, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода, омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дилшод Сафарзода зимни сухани ифтитоҳӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки баргузории семинару конференсияҳо, озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иҷрои барномаву нақшачорабиниҳои соҳавӣ ва консепсияву дурнамоҳо барои боз ҳам таҳким бахшидани соҳаи маориф заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Дар идома, қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, рушди касбии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфти омӯзгорони соҳибмалака ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди омӯзиш (аз қабили синфхонаҳои лингофонӣ) ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки таълим мебошад.
Ёдовар мешавем, семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ 4 рӯз давом намуда, 230 нафар омӯзгор аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба семинари мазкур фаро гирифта шуданд.
Дар охир барои иштирокчиёни семинар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сертификат тақдим гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
ҶумҳурииТоҷикистон