ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА, АТТЕСТАТИ АЪЛОИ РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА

21-07-2023
Рӯзҳои 20 – 21-и июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид, ки дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода – муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, кормандон, иштирокчиёни озмун, омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳим Саидзода иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизоми соҳаи маориф, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шудааст. Ҳамчунин мақсад аз баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар мебошад.
Гуфта шуд, ки дар озмуни мазкур аз 57 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои комиссияи озмун дар умум 34 нафар хонанда сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Аз ин шумора 30 нафар хонанда вобаста ба равияи худ сазовори медали тилло ва 4 нафар хонанда сазовори медали нуқра шуданд. Дар равияи табиӣ-риёзӣ 18 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра шуд. Дар равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бошад 10 нафар сазовори медали тилло ва 2 нафар сазовори медали нуқра гардид. Инчунин, дар категорияи универсалӣ 2 нафар сазовори медали тилло ва 1 нафар сазовори медали нуқра гардид.
Дар идома вазири маориф ва илм ғолибонро таҳният гуфта ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар навбати худ ғолибон, омӯзгорон ва падару модарони иштирокдорони озмун миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ташкил намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар соли 2023 дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон