ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА СОХТМОН ВА МУҶАҲҲАЗГАРДОНИИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ШАҲРҲОИ ДУШАНБЕ, КӮЛОБ, ХУҶАНД, БОХТАР ВА ТУРСУНЗОДА, КИ ТАҲСИЛАШОН БО ЗАБОНИ РУСӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД, БАРГУЗОР ГАРДИД

02-04-2022
2-юми апрели соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, Бонки рушди Авруосиё, «Зарубеждипстрой», «БалтСтройИнжиниринг» ва пудратчиён иштирок намуданд. 
Дар ҷаласа нахуст намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пудратчиён вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла вазъияти кунунунӣ-ҳаҷми корҳои иҷрошуда, корҳои боқимонда, муҳлати анҷом додани корҳои монолитӣ ва хиштсозӣ, рафти корҳо дар сатми ҷорӣ намудани сетҳои берунии маҳаллӣ дар ҳудуди қитъаҳои замин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ҳисобот доданд.
Сипас, аз ҷониби иштирокдорон қадамҳои баъдӣ дар самти иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ пешниҳод гардида, мутаносибан ба онҳо муҳлатҳои ниҳоӣ оид ба иҷрои корҳо муқаррар карда шуд.
Дар охир, аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин-намояндагони вазорату идораҳо ва пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки рафти иҷрои дастуру супоришҳои зикршударо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад.