ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ИЮЛ

21-07-2023
21 июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахш, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад. Мо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои дар сатҳи хуб татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва назорати амалишавии он ба таври зарурӣ фаъолият намуда, тамоми иқтидори худро сарф намоем.
Сипас вобаста ба назорати иҷрои саривақтии стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат дар Вазорати маориф ва илм Ҷамшед Ҷумазода суханронӣ намуда, миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар идома Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маорифи ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои давраи то соли 2027, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2017-2023, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва ғайрамавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон