ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ АВГУСТ

24-08-2023
24 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, дар идома ҳисоботи сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҳикматулло Саидзода “Оид ба натиҷаи тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2023” шунида шуд.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба таъмин намудани кадрҳои ҷавон бо ҷойҳои корӣ, ба ҷойи кор ҳозир шудани онҳо, бурдани корҳои ташвиқотӣ ҷиҳати аз имтиёзҳо бархӯрдор кардани омӯзгорони ҷавон ва ба ҷойи зист таъмин кардани онҳо, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва баъди хатми синфи 9 ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон ҷалб намуда, дастур дод, ки нисбат ба масъалаҳои мазкур чораҳои судманд андешида шавад.
Сипас ҳисоботи директори маркази таълимию методӣ Раҳмоналӣ Мирзозода “Оид ба рафти омодагї ва баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисањои тањсилоти умумии шањру ноњияњои љумњурї (интихобан)” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаи дуюм раиси ҷаласа ҷиҳати ҷамъбасти соли хониш, гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва имтиҳонҳои хатм ибрози андеша намуда, бо масъулин масъалаҳои дар боло зикргардидаро баррасӣ намуд.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, инчунин, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ ва ҷалби хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон