ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ АПРЕЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

23-04-2024
Имрӯз, 23-юми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.
Аз рӯи масъалаи якум директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ"- и Вазорати маориф ва илм М. Давлатзода баромад намуда, вобаста ба фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва омода намудани истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба давраи истироҳати тобистонаи соли 2024 баромад намуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таҳияи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати фарогирии бештари хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, зиёд намудани шумораи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ, таъмин намудани истироҳаткунандагон бо хӯрокҳои серғизо ва истифодаи мақсадноки истироҳатгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҷалб намуд.
Сипас, ҳисоботи сардори раёсати илм ва инноватсия С. Ниёзӣ дар бораи натиҷаи санҷиши вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилояти Суғд ва ҳисоботи сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Ф. Худойдодзода оид ба таҳлили вазъи иҷрои талаботи протоколҳои комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои маориф ва илм шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои болозикр вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои нақшаи қабул ба зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилояти Суғд, дуруст пешниҳод намудани нақшаи қабул, гузаронидани ихтисосҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ, гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои нави ҳамкорӣ, таъсиси шуроҳои муштараки диссертатсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам равона кард.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фарогирии хатмкунандагони синфи 9 ба таҳсил, гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳуҷҷатсупории хонандагони синфҳои 11 ба Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон