ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

29-03-2022
29-уми марти соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Р.Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовини вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо, директорон, ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок намуданд.
Дар ҷаласа оид ба вазъи соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои минтақаи Рашт гузориши Қ.Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, оид ба ҷамъбасти мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гузориши Ҷ.Салимов-сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ, оид ба рафти таъмин ва истифодаи техника ва технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои тахассусии самти тиббӣ ва техникаю технологии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузориши Ф.Раҳимзода-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, оид ба сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Хуросон, Кушониён ва Вахши вилояти Хатлон гузориши М.Давлатова-сардори шуъбаи сифати таҳсилот, оид ба вазъи раванди таълим дар факултетҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилояти Хатлон гузориши Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва оид ба вазъи таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши И.Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ шунида шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат”, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намудани омӯзгорони ғайриихтисос, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани кабинетҳои фаннӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ зимни бақайдгирии хонандагон тавассути Маркази миллии тестӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2022-2023 ва вобаста ба имконият аз семоҳаи сеюму чорум ба семоҳаи дуюм гузаронидани харидории ангишт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.