ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

24-06-2022
24-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини вазир Ш.Хайрзода, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Нозакзода, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, намояндагони марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. 
Дар ҷаласа, гузориши М.Саломиён-президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон “Оид ба вазъи таълим ва омодасозии омӯзгорони ояндаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ”, гузориши Н.Зайниддинзода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ “Оид ба вазъи пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои харидории китобҳои бадеӣ ва маводи таълимӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал дар соли 2021”, гузориши А.Гулзода-директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия “Оид ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №43 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон”, гузориши Ҷ.Намоззода-ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф “Оид ба татбиқи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф”, гузориши Ф.Расулзода-сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус “Оид ба ҳолати гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон дар сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ “Оид ба вазъи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва фаъолияти маҳфилҳо дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Ҳисор, Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Шаҳринав” ва гузориши Б.Музаффарзода-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм “Оид ба баррасии пешниҳод ба меъёрҳои маблағгузории ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва индексатсияи онҳо дар доираи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ” шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа ба масъулин вобаста ба дуруст ба роҳ мондани раванди таълим ва омода намудани мутахассисони варзида дар самтҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пардохти саривақтии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва ҷудо намудани маблағ барои харидории китобҳои бадеӣ ва маводи таълимӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал, татбиқи пурра ва саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №43 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи Нақшаи миёнамуҳлати амал, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, шаффоф ва сари вақт баргузор намудани аттестатсияҳо дар муассисаҳои таълимӣ, дуруст ба роҳ мондани кори маҳфилҳо ва фарогирии бештари хонандагон дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ, аз худ намудани маблағҳои пешбинишуда барои ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.