ҶАЛАСАИ КОРӢ: ҲАДАФ ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО ВА ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА

28-03-2022
28-уми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки вазири маориф ва илм Р.Саидзода, муовини вазир Л.Абдулхолиқзода, сардорон ва кормандони раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсус, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсияи дастгоҳи марказии вазорат, ректор ва муовинони ректор, деканон ва муовинони деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Нахуст, вазири маориф ва илм доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, хусусан кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс ва чанде дигар таъкид намуда, зикр кард, ки ҳадаф аз санҷиш ва баррасии натиҷаи он дар ҷаласаи имрӯза бозгӯ намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо дар кутоҳтарин муҳлат мебошад. 
Сипас, Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат доир ба натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ, аз ҷумла оид ба давомоти донишҷӯён ва қарздории академӣ, қайди журналҳо ва баргузории дарсҳои кураторӣ, қабули рейтингҳо ва риояи меъёрҳои муайяншуда, нақшаи инфиродии донишҷӯён ва иҷрои сарборӣ аз ҷониби омӯзгорон, мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар кафедра ва факултетҳо, фаъолияти журналҳои электронӣ ва истифодаи воситаҳои аёнӣ дар раванди таълим, ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва истифодаи донишҷуён аз китобхонаҳои ҷумҳуриявию донишгоҳӣ, фаъолияти омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта ва таҳияи дастурҳои таълимию китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон, ҷамъбасти сессияи санҷишию имтиҳонӣ ва сифати таҳсилот ва чанде дигар ҳисобот дод.
Дар идома мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон доир ба пешбурди фаъолияти илмӣ, таъсиси шӯроҳои дифоъ, такмили ихтисоси омӯзгорон, дар умум, доир ба роҳҳои бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд.
Дар охир вазири маориф ва илм вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда зимни санҷиши гурӯҳи корӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки фаъолияти маркази тестии назди донишгоҳ таҷдиди назар карда шуда, раванди рейтингҳо аз ҷониби омӯзгорон баҳогузорӣ шуда, имтиҳонҳо бо иштироки омӯзгорон ба роҳ монда шаванд. Инчунин, назорати давомоти донишҷӯён, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон, аз ҳисоби омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ таъйин намудан ба вазифаҳои мудири кафедра ва ҷонишинони деканҳо, зиёд намудани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, даст кашидан аз лексияҳои маъмулӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, тарбияи мутахассисон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзида ва дар умум, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассиса ва ҷомеа аз ҷумлаи дигар дастуру супоришҳо буд, ки зимни сухани ҷамъбастии вазир таъкид гардид.