ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

07-10-2022
7-уми октябри  соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  Нилуфар Каримзода, сардорону кормандони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ҷиҳати амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.
Сипас, муовини вазири маориф ва илм Ш.Хайрзода доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисобот дод.
Аз ҷумла, зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” фаъолияти худро дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 дар доираи Оиннома ва Барномаи амали ҳизб ба роҳ монда, дар партави сиёсати Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти болоии ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур як қатор корҳоро ба анҷом  расонид.  
- Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, аз ҷумла афзалият додан ба таҳсилоти томактабӣ, фарогирии ҳар чи бештари кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла компютерҳои насли нав, видеопроекторҳо, тахтаҳои электронӣ, бунёд намудани муассисаҳои таълимии типи нав, бунёди муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои нави аҳолинишин, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгории соҳибтахассус, рушди робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисоне, ки ҷумҳурӣ ба ин гуна кадрҳо эҳтиёҷ дорад, васеъ намудани доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ, фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва чанде дигар корҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд,-таъкид кард Ш.Хайрзода.
Баъд аз ироаи ҳисобот аъзоёни ҳизб - сардори раёсати илм ва инноватсия Сироҷиддин Ниёзӣ ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Илҳом Камолзода  ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатманд арзёбӣ намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар  Каримзода баромад намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии кишвар мавқеи беандоза муҳим дошта, он таҳти таваҷҷуҳи доимии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» фаъолият намуда, барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд,-таъкид кардр Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур Н.Каримзода.
Дар охир, як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм бо “Ифтихорнома”-и ҲХДТ сарфароз гардида, инчунин, ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Комрони Аслон