ҶАЛАСАИ ГУРУҲИ КОРӢ ОИД БА НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ВА МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

12-01-2024
Имрӯз, 12 январи соли 2024 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷаласаи гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини вазир иброз дошт, ки гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ тақозои замони муосир буда, моро мебояд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.
Гуфта шуд, ки санҷидан ва арзёбӣ кардани дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим яке аз муҳимтарин омилҳои рушди зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон барои фарогирии дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо буда, яке аз воситаҳои муҳимми назорати падару модарон нисбат ба фаъолияти таълимии фарзандон мебошад. Маҳз тавассути баҳогузорӣ дониши хонанда арзёбӣ мегардад ва падару модарон ба воситаи он раванди донишазхудкунии фарзандонро назорат карда, бо омӯзгорон ва муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Дониши хонанда дар аксари кишварҳои олам бо роҳҳои гуногун санҷидаву арзёбӣ гардад ҳам, усули аз ҳама паҳншудаи он тавассути баҳогузории бисёрхола сурат мегирад. Дар ин росто, барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба Вазорати маориф ва илм дастур шудааст, ки барои ҳамоҳанг сохтани низоми таҳсилоти кишвар бо низоми маорифи мамлакатҳои рушдёфта тадбирҳои амалӣ андешад.
Вобаста ба ин дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар соҳаи маориф баъзе корҳо ба анҷом расидаанд, ки онҳо барои рушди маориф ва низоми таълиму тарбия дар кишвар мусоидат карда, барои то андозае баланд гардидани сифати таҳсилот замина гузоштаанд.
Дар ин росто, бо фармоиши вазири маориф ва илм аз 3 ноябри соли 2014, №2409 бо мақсади озмоиш ва дарёфти афзалияту бартарии низоми меъёрҳои нави баҳогузории бисёрхола (10,12, 100-хола) ба дониш, маҳорат, қобилият ва рафтори хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.
Ин гурӯҳи корӣ дар муддати чанд сол ин озмоишро гузаронида, натиҷаи фаъолияти худро дар чандин конференсия, мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқотҳо мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба моҳияти ин низом мақолаҳои илмӣ, рисолаву дастурҳои алоҳида аз ҷониби мутахассисон ба нашр расонида шудааст. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум ин фаъолият қатъ шуда, озмоши гузаронидашуда амалӣ нагардидааст.
Бинобар ин, ҷиҳати идомаи ислоҳот дар ин самт Вазорати маориф ва илм омӯзишу озмоишро дубора эҳё карда, барои амалӣ намудани онҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дод.
Ҳамчунин, раванди ислоњоти маќсадноку босуботи соњаи маориф, аз љумла, дар самти таљдиди назар ва тањия намудани низоми бисёрхолаи бањогузорї ва меъёрњои арзёбии муосири дастовардҳои таълимию тарбиявии хонандагон бо дарназардошти гузариш ба муносибати босалоњият ба таълим пешбинї гардидааст, ки гузариш ба баҳогузории бисёрхола идомаи он аст.
Аз ин бармеояд, ки гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхола яке аз масоили муҳимми стратегӣ дар самти татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ба шумор меравад.
Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар рӯзи якуми сентябр дар Донишгоҳи тиббии Хатлон чунин таъкид карданд: "Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад".
Арзёбии дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути баҳогузории бисёрхола дар кишвари мо падидаи нав нест. Ин тарзи баҳогузорӣ ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва дар вақти иштирок дар олимпиадаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ тавассути холгузории 100-балла амалӣ гашта истодааст.
Мушкилоти асосӣ он аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ раванди фаъолияти таълимии хонанда тибқи талаботи стандарту барномаҳои таълимӣ тавассути баҳоҳои 1, 2, 3, 4, 5 бояд арзёбӣ гардад, вале имрӯз танҳо чор баҳо (2,3,4,5) ба хонанда гузошта мешаваду халос. Баҳои 1-ро омӯзгорон намегузоранд. Ҳамчунин, дар байни 4 баҳо танҳо 3 баҳои он мусбат буда, яктои он (2) манфӣ аст.
Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин мушкилот боиси он гардидааст, ки дониши хонанда ба таври воқеӣ баҳогузорӣ нагардад. Ҳатто, ин навъи баҳогузорӣ баъзан боиси пайдо шудани норозогӣ дар байни хонандаву хонанда ва хонандаву омӯзгор низ гардида, ҳавасмандии хонандаро ба таҳсил аз ҷиҳати равонӣ коҳиш медиҳад. Яке аз роҳҳои асосии ҳавасманд гардонидани хонандагон тавассути арзёбии дурусти дониши онҳо ба воситаи баҳогузории дуруст ва воқеӣ амалӣ мегардад, ки омӯзгор бо ин роҳ метавонад адолати худро дар байни хонандагон нишон диҳад.
Иқдоме, ки Вазорати маориф ва илм дар самти гузаронидани озмоиш дар 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ пеш гирифтааст, дар заминаи омӯзишу таҳлилҳои солҳои қаблӣ бадастомада роҳандозӣ мегардад, ки ин идомаи ҳамон падидаҳои навест, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ гашта истодаанд. Низоми таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд бо ҳам иртибот дошта бошанд. Дар як зина як навъи баҳогузорӣ ва дар зинаи дигар навъи дигари арзёбии дониш боиси пеш омадани мушкилот дар низоми таҳсилот мегардад.
Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст ва дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму нақши худро мегузорад, низоми таҳсилоти худро ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ бояд ҳамоҳанг созад. Вобаста ба ин ҳамасола шумораи зиёди хонандагони кишвари мо тавассути баронома ва бурсияҳои байналмилалӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд, ки ҳангоми баробарарзиш кардани ҳуҷҷатҳои таълимии худ онҳо ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мегарданд.
Ҳар як қадаме, ки дар самти ислоҳоти соҳаи маориф гузошта мешавад, ҳамеша ба мушкилот дучор мегардад, ҷонибдорону мухолифони худро пайдо мекунад.
Бинобар ин, озмоише, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ тавассути гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ мегардад, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври жарф мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.
Вобаста ба ин, бо дастури роҳбарияти Вазорати маориф ва илм меъёрҳои баҳогузорӣ ба дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим дар дастурамалҳои алоҳида дарҷ гардидаанд, ки ин барои фаъолияти таълимии омӯзгорон ва арзёбии дониши хонандагон аз ҷониби онҳо раҳнамои муфиде хоҳад буд.
Моҳияти гузариш ба ин низоми арзёбиро натиҷаҳои озмоиш нишон медиҳад. Танҳо пас аз озмоиши воқеӣ ва пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои, мутахассисони мактабшинос, омӯзгорон, кормандони масъули соҳаи маориф, падару модарон, ки дар раванди таълим иштирок менамоянд ва афкори созандаи аҳли ҷомеа ин низом дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ хоҳад гашт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон