ҶАЛАСАИ ГУРУҲИ КОРӢ БАРОИ ҶАЛБИ МАБЛАҒҲОИ ГРАНТИИ ГПО ДОИР ГАРДИД

21-04-2022
21- уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри миёни намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва “Ҳамкорони маҳаллии рушди маориф”(LEG) вобаста ба интихоби афзалиятҳои соҳаи маориф барои ҷалби маблағҳои грантии Шарикони глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он Шукрулло Хайрзода - муовини вазири маориф ва илм, Бадриддин Музаффарзода - сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф, Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Қутбиддин Муҳиддинзода - сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, Фаридун Раҳимзода - сардори шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм, Алберто Бианколи- роҳбари шуъбаи маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Ҷамшед Қурбон-намояндаи соҳаи маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Шуҳрат Мирзо - мушовари ЮНИСЕФ, Умед Раҳмонов - намоянда аз Иттиҳоди Аврупо ва инчунин, намояндагони дигар сохторҳо тариқи онлайн иштирок карданд.
Нахуст, Ш.Хайрзода-муовини вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки тибқи нақшаи мо, ки бо Шарикони глобалӣ дар соҳаи маориф (ГПО) мувофиқа шуда буд, дар асоси Фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 таҳти № 84 Кумитаи интихоби агентҳои грантӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати Кумита намояндагони Вазорати маориф ва илм, Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил шуда, барои татбиқи Грант барои таҳкими иқтидори системаи маориф, аз ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО дархост гирифтем. Дар сатҳи Кумита мо ҳар як дархостро бодиққат баррасӣ кардем ва дар асоси натиҷаҳои арзёбии онҳо тасмим гирифтем, ки ЮНИСЕФ ҳамчун агенти грантӣ интихоб карда шавад. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм санаи 4 апрели соли равон ба ҳамаи аъзои гурӯҳи LEG мактуб-хабарнома оид ба интихоби агенти грантӣ ирсол карда шуд.
Ҳачунин, итилло дода шуд, ки марҳилаи навбатӣ пас аз ба анҷом расонидани Созишнома дар бораи шарикӣ, интихоби агентҳои грантӣ, таҳия ва анҷоми минбаъдаи дархостҳои грантӣ аз рӯи ҳар як се гранти ГПО мебошад, ки инҳо Грант барои таҳкими иқтидори системаи маориф, Грант барои таҳавуллоти низоми маориф ва Гранти мултипликаторӣ мебошанд. Ҳар як грант раванди алоҳидаи интихоби агенти грантӣ ва таҳияи пешниҳоди алоҳидаи лоиҳаро пешбинӣ мекунад.
Дар  фарҷом, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд.
Азизаи САФОНАЗАР