ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАШВАРАТӢ “ОИД БА ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРӢ

28-07-2023
28-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории машваратӣ вобаста ба амалишавии иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” оид  ба механизми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар самти ҷамъоварӣ намудани маблағҳои китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ  баргузор гардид, ки дар он Дилшод Сафарзода – муовини вазири маориф ва илм, Фурқат Раҳматов - муовини сардори идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, кормандон, масъулони бонкҳои хусусиву давлатӣ, муҳосибону китобдорони муассисаҳои таълимӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Сараввал Дилшод Сафарзода вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” суханронӣ намуда, қайд кард, ки фармони мазкур марҳилаи нави рушди соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад.
Сипас гузориши Фурқат Раҳматов вобаста ба амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” пешниҳоди ҳозирин гардид.
Дар идома миёни ҳозирин ҷиҳати иҷрои фармони мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ на танҳо барои низоми бонкӣ манфиатовар мебошад, балки ҳамаи он монеаҳоеро, ки дар муносибатҳои пулӣ, аз қабили фарсудашавии пул, зиёдшавии талабот ба пули нақд, назорати гардиши пулҳо, низоъҳои байнифардӣ ҳангоми муомила, пардохти андоз ва дигар ӯҳдадориҳо вуҷуд доштанд, аз байн мебарад. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон