ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МОҲИ ОКТЯБР БАРГУЗОР ГАРДИД

30-10-2023
30 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Дар идома ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Д. Ализода оид ба "Натиҷаи қабули довталабон ба  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2023-2024",  ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н. Мирзозода оид ба "Натиҷаи қабули донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  дар соли таҳсили 2023-2024" шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои мазкур вазири маориф ва илм қайд намуд, ки фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ин зинаҳои таҳсилот ба иҷрои нақшаи қабул бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
 Сипас ҳисоботи сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Н. Убайдуллозода оид ба тасдиқи «Тартиби истифодабарии барномаи системаи иттилоотии автоматикикунонии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ», ҳисоботи и. в. директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода оид ба дастури «Донишандӯзӣ. Математика, инкишофи нутқ, саводомӯзӣ, муҳити атроф» барои мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (мураттиб: Сабоҳат Офиятхонова), дастури «Дониши томактабиёнро месанҷем» барои мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (мураттиб: Зайнаббонуи Қувваталӣ), дафтари кории «Математика. Таҳия ва ҳал намудани супориш» барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ  (мураттиб: Сабоҳат Офиятхонова), воситаи таълими «Андешаҳои дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ» барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муаллиф: Аламхон Кучарзода), китоби дарсии «Бемориҳои ҷарроҳӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: А. Ф. Мирзоев, М. Х. Маликов) ва дигар адабиёти таълимӣ шунида шуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон