ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ВА ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ МУШАХХАС ҶИҲАТИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ КАМБУДИҲО

28-10-2022
28-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва як қатор мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа, нахуст, гузориши Д.Ализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ “Оид ба натиҷаи қабули донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2022-2023” шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла, 56 муассисаи давлатӣ ва 26 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд, ки дар асоси Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 дар 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Натиҷаи санҷиш муайян намуд, ки на ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2022-2023 нақшаи қабулро иҷро кардаанд ва ҳатто ҳастанд муассисаҳое, ки камтар аз 50 фоизи нақшаро иҷро намудаанд. Агар яке аз сабабҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ тавассути ВАО, ташкил накардани вохӯриҳо дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ аз тарафи масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, сабаби дигар дуруст ба роҳ намондани кори комиссияи қабул ва гурӯҳи кории тарғиботии муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби раиси ҷаласа ба директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби гурӯҳи корӣ ошкоргардида дар кутоҳтарин муҳлат чораҳои судманд андешанд. Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсус ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёни касбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати минбаъд дар вазифа фаъолият намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки фоизи ками нақшаи қабулро иҷро намудаанд, таклифу пешниҳодҳо манзур намоянд.
Дар идома гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ “Оид ба натиҷаи ҷамъбасти истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2022” шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 3204 истироҳатгоҳ, аз ҷумла, 29 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1424 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 1751 истироҳатгоҳи меҳнатӣ-истироҳатӣ, фароғатӣ-таълимӣ, истироҳатгоҳи наздиинтернатӣ фаъолият намуданд, ки нисбат ба соли 2021 теъдоди истироҳатгоҳҳо 372 адад кам шудааст. Ҳамзамон, дар онҳо 79 332 нафар хонанда дар истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 14 037 нафар дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва 138 199 нафар дар истироҳатгоҳҳои наздиинтернатию варзишӣ-фароғатӣ, дар маҷмуъ, 231 568 нафар хонанда ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 19 630 нафар кам мебошад.
Ҳарчанд дар мавсими тобистони соли 2022 ҷиҳати ҷалби кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо корҳои зиёди назаррасе анҷом дода шуда бошад ҳам, аммо як қатор мушкилоте низ буданд, ки вобаста ба рафъи онҳо аз масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд.
Раиси ҷаласа ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати минбаъд зиёд намудани фарогирии хонандагон ба истироҳатгоҳҳо чораҳои судманд андешида, ҳамзамон, доир ба бартараф намудани камбудиҳо ба унвонии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол намоянд.
Сипас, гузориши Ф.Хоҷазода-сармутахассиси бахши таҳсилоти томактабӣ “Оид ба вазъи иҷрои стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои томактабии хусусии ҷумҳурӣ” шунида шуд.
Мавсуф зикр кард, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130 муассисаи томактабии хусусӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 48 муассиса, вилояти Суғд 57 муассиса, НТҶ 15 муассиса, вилояти Хатлон 10 муассиса ва ВМКБ 1 муассиса фаъолият мекунанд. Тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозӣ қисми таркибии тарбия ва таълими томактабӣ буда, саломатии ҷисмонӣ, инкишофи ҳаракат ва фаъолият аз талаботи асосии қисмати заминавии нақшаи таълимии муассисаи томактабӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳарчанд дар бархе аз муассисаҳои хусусӣ шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шуда бошад ҳам, мутаассифона, қисме аз муассисаҳои томактабӣ оддитарин шароит, аз қабили айвончаи дамгирӣ ва фароғат, майдонча ва ҳавзи шиноварӣ ва бозичаҳои муосиру безарарро надоранд.
Вазири маориф ва илм ба масъулин, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ дастур дод, ки ҷиҳати бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои томактабии хусусӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон, масъалаи назорати пурраи раванди таълиму тарбия, татбиқи стандартҳои таҳсилоти томактабӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ ва баландбардории маҳорати касбии кормандони кӯдакистонҳоро зери назорат қарор дода, иҷрои нақшаи дурнамои баланд бардоштани маҳорати мудирон ва мураббиёни муассисаҳои томактабиро таъмин намоянд.
Дар идомаи ҷаласа гузоришҳои Н.Зайниддинзода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ “Дар бораи «Тағйиру иловаҳо ба «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022»”, “Дар бораи Барномаи таълими фанни забони русӣ барои синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Барномаи таълими фанни хониши адабӣ барои синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи Дастури ёрирасони «English language, grade 10» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, “Дар бораи Дастури ёрирасони «English language, grade 11» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, “Дар бораи Дастури методии «English language teacher’s book, grade 10» (Дастур барои омӯзгори забони англисии синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ)”, “Дар бораи Дастури методии «English language teacher’s book, grade 11» (Дастур барои омӯзгори забони англисӣ, синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ)”, “Дар бораи «Технологияи кафшери камонӣ ва газӣ» барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Дар бораи “Нархномаи ҳаққи қалам ва хизмати нашрӣ”, гузориши З.Назрулозода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ “Дар бораи Низомномаи озмуни “Маркази минтақавии намунавӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, гузориши С.Исвализода-муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ “Оид ба муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ “Дар бораи модулҳои омӯзишии “Саводнокии рақамӣ” ва “Дастгирии иҷтимоӣ-психологии наврасону ҷавонон” ва гузориши С.Ниёзӣ-сардори раёсати илм ва инноватсия “Дар бораи Низомномаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Дар охир, раиси ҷаласа ба масъулин, хусусан ба сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм инчунин, таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, пурра омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.