Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд

31-01-2024
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат  густариш дода, ҳоло бо 13 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки соли 2023 дар доираи барномаи табодули академӣ 45 донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷии дигар давлатҳо, ки Академия бо онҳо созишномаи ҳамкорӣ дорад, ҷалб шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷаллаи илмию сиёсии «Идоракунии давлатӣ» дар Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия сабти ном шуда, ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ворид гардид.  Инчунин ба таври доимӣ шумораҳои нашршудаи маҷалла ба китобхонаи илмии электронии e-library.ru ворид шуда, дар асоси дархости хаттии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия пурра ба сомонаи маҷаллаҳои илмии Русия rng.riep.ru ворид шуданд.
Дар айни замон  хазинаи умумии китобхонаи илмӣ ва электронии Академия 2 278 033  нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 22 033 нусха дар хазинаи асосӣ ва 2256 000 маводҳои электронии дар фонди Китобхона дастрас мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»