ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11

04-04-2022
4-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Р. Саидзода-вазири маориф ва илм иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ин соҳа дигаргуниҳои азиме ба вуқуъ омад. Пешрафти ҳар як давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони кишвар сахт вобастагӣ  дошта, айни замон илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст. Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷумҳурӣ 11 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ –риёзӣ баргузор карда мешавад.
- Дар баробари олимпиадаҳои мазкур 13 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ роҳандозӣ мегарданд, ки барои фарогирии шумораи ҳарчи бештари хонандагони боистеъдод ба ҳаракати олимпӣ  мусоидат мекунанд. Агар то соли 2010 дар ҷумҳурӣ як Олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 11) гузаронида мешуд, айни замон 24 намуди олимпиада барои зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот, аз ҷумла синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва 11 дар алоҳидагӣ  олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор карда мешаванд,-қайд кард вазири маориф ва илм.
Мавриди зикр аст, даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ ва олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 533 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 291 хонанда ва аз мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 242 хонанда иштирок намуданд. 
Ёдрас мешавем, ки олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давоми ду рӯз дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе идома ёфта, барои иштирок ва истироҳати хонандагон аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Дар ҷамъбасти ҳар рӯз иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе дидан намуда, инчунин, дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ташкил карда шуд.
Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки аз 533 иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ 192  хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (28 медали тилло, 52 медали нуқра, 112 медали биринҷӣ) гардиданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 72 ҷойи ифтихорӣ (16 ҷойи якум, 28 ҷойи дуюм, 28 ҷойи сеюм) мақоми якум, вилояти Суғд сазовори 56 ҷойи ифтихорӣ (6 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми дуюм ва вилояти Хатлон сазовори 37 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми сеюм гардида, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 24 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ ( 3 ҷойи сеюм) гардиданд. 
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ медалҳо, “Ифтихорнома”-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиада саҳм доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд. 
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 31 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 13 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Шоҳмансур бо гирифтани 15 ҷой (3 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 4  ҷойи сеюм), ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 15 ҷой (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм,  7 ҷойи сеюм)  сазовори ҷойи дуюм ва  шаҳри Ҳисор бо гирифтани 13 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 10  ҷойи сеюм) сазовори ҷойи сеюм  гардида, сегонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳо дар олимпиадаҳои мазкур дониста шуданд. 
Филиали литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор бо гирифтани 8 ҷой  (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 5  ҷойи сеюм) мақоми якум, литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 1  ҷойи сеюм), мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара 6 ҷой (1 ҷойи дуюм, 5  ҷойи сеюм), литсейи № 2 -и шаҳри Душанбе  6 ҷой  (1 ҷойи дуюм, 5  ҷойи сеюм) мақоми дуюм, литсейи № 1 -и шаҳри Исфара 5 ҷой  (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 1  ҷойи сеюм), литсейи физикӣ -математикии №1-и шаҳри Хуҷанд 5 ҷой  (5  ҷойи сеюм)  мақоми сеюмро соҳиб гардида, беҳтарин муассисаҳои таълимӣ дониста шуданд.
Ҳамзамон, шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исфара, Ҳисор, Исмоили Сомонӣ, Данғара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва  Конибодом дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.
Бояд гуфт, ки сифати иштироки хонанадагон дар олимпиадаҳои мазкур аз шаҳри Душанбе 57,6%, вилояти Суғд 43,4%, ШНТҶ 30%, вилояти Хатлон 22,2% ва ВМКБ 9% -ро  ташкил доданд. 
Таҳлилҳо нишон доданд, ки ғолибияти хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нисбат ба хонандагони мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) зиёд мебошад ( МТУ 105 ҷой (16 ҷойи якум, 28  ҷойи дуюм, 61 ҷойи сеюм) ва муассисаҳои типи  нав  87 ҷой (12 ҷойи якум, 24  ҷойи дуюм, 51 ҷойи сеюм). 
Ногуфта намонад, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб омаданд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муқаррар гардидааст, ки  ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба холҳои бадастовардаи онҳо илова мегардад. 
 
БАХТОВАР САФАРОВ